Принсипи «Равзанаи ягона» аз куҷо ибтидо мегирад?
Принсипи «Равзанаи ягона» аз консепсияи давлати «хизматрасон» асос ёфтааст – давлате, ки дар он ҳамкории мақомоти давлатӣ, тиҷорат ва аҳолӣ бо дараҷаи баланди эътимод, иттилооти ошкоро ва шаффофияти расмиёти маъмурӣ тавсиф карда мешавад.
Барои гузариши низоми хизматрасонии давлатӣ ба принсипи «Равзанаи ягона» чӣ таъсир расонд?
Низоми маъмурикунонии давлатӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба принсипҳо ва технологияҳои “идоракунии тиҷорат” мутобиқ карда шудааст. Принсип ва технологияҳои «идоракунии нави давлатӣ» ҳарчи бештар дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд.
Ин ба он вобаста аст, ки тиҷорат ва шаҳрвандон аксар вақт бо мушкилоти набудани иттилооти дастрас ва возеҳ дар бораи шартҳои хизматрасонии давлатӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Мушкилотҳои хоса ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои мураккаб ба миён меоянд, ки дар онҳо якчанд мақомоти давлатии байни худ иртиботи иттилоотӣ надошта, иштирок менамоянд. Дархосткунанда барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои мақомоти гуногуни давлатӣ ҷиҳати истифодаи хизматрасонӣ, вақт ва маблағи зиёдро харҷ мекунад.
Механизми хизматрасонии давлатӣ аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона» чиро дар назар дорад?
Равзанаи ягона механизме мебошад, ки дар навбати аввал ба дархосткунандаҳо имкон медиҳад, ки аз “рафтуомад ба утоқҳои корӣ”-и мақомоти гуногуни давлатӣ, ки дар баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо масъуланд, раҳоӣ ёбанд ва дуюм, ба соҳибкор имкон медиҳад, ки маълумот ва ҳуҷҷатҳоро як маротиба дар як ҷой пешниҳод кунад ва бо ҳамин роҳ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ посухи заруриро гирад.
Ҳадафи ҷорӣ намудани принсипи “Равзанаи ягона” ин истисно кардани пешниҳоди такрории ҳуҷҷатҳо ва муроҷиати зиёди соҳибкорон ба мақомоти ваколатдор барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ мебошад.
Принсипи асосии «Равзанаи ягона» аз он иборат аст, ки соҳибкор бояд як маротиба Дархости шаклаш ягонаро тавассути низом бо замимаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда равон намояд ва раванди баррасӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар мақомоти шомилшаванда, бе иштироки ӯ сурат мегирад. Яъне, мақомоти давлатӣ набояд ба зиммаи дархосткунанда тамоми мушкилоти раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатиро вогузор намоянд.
Кадом омил ба гузаронидани раванди барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ба принсипи «Равзанаи ягона» боис гардид?
Дар аксари кишварҳои ҷаҳон, ширкатҳое, ки бо фаъолияти савдои хориҷӣ машғуланд, барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо бояд шумораи зиёди маълумотро ба мақомоти давлатӣ пешниҳод намоянд.
Афзоиши ҳаҷми мубодилаи ҳуҷҷатҳо ва хароҷоти вобаста ба қабули онҳо мутаносибан ба зиёд шудани хароҷот ҳам барои тиҷорат ва ҳам барои худи давлат оварда мерасонад:
- A) барои тиҷорат – ин аз даст додани даромад,
- B) барои давлат – ин коҳиш ёфтани суръати гардиши савдои хориҷӣ.
Принсипи «Равзанаи ягона» дар соҳаи савдои хориҷӣ чӣ тавр кор мекунад?
Низоми «Равзанаи ягона» ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро, ки барои иҷрои талаботи танзимкунанда ҷиҳати пешбурди фаъолияти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ талаб карда мешаванд, дар як нуқта дар шакли ягона, тавассути низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, пешниҳод намояд. Дар асоси маълумоти гирифташуда, мақомоти давлатӣ барои додани (е раъд кардан) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо қарор мебароранд.
Иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ метавонад бастаи ҳуҷҷатҳоро баъди бақайдгирӣ дар низом аз макони мухталифи ҷаҳон, тавассути шабакаи Интернет тариқи низом ба мақомоти дахлдор фиристад. Бахшҳои КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, ки нигоҳдории ташкилӣ-техникии низомро ба зимма доранд, ба соҳибкор ҷиҳати истифодаи он мусоидат мекунанд.
Татбиқи принсипи «Равзанаи ягона» дар расмиёти савдои хориҷӣ чӣ тавр инъикос меёбад?
«Равзанаи ягона» барои соддагардонӣ ва суръатбахшии иҷрои расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ таъсис дода шудааст.
Зери мафҳуми соддагардонӣ ва суръатбахшии додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо фаҳмида мешавад:
- ҳуҷҷатҳо бо иштироки ҳадди ақали дархосткунанда таҳия мешаванд;
- муҳлатҳои баррасӣ, мувофиқакунӣ ва додани ҳуҷҷатҳо то ҳадди имкон кам карда мешаванд;
- шумораи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда аз ҷониби мақомоти давлатӣ кам карда мешавад;
- ҳуҷҷатҳо аз як идора ба идораи дигар дар муддати якчанд дақиқа интиқол дода мешаванд;
- хизматрасониҳо ба таври қатъӣ тибқи Реграменти тасдиқшуда ба сомон равонида мешаванд;
- таъсири омили инсонӣ ба сифати хизматрасониҳо кам карда мешавад;
- хароҷоти арзиши амалиёт барои хизматрасониҳо коҳиш меёбад.
Раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳое, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ заруранд, ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муносибтар мешавад, навбатпоӣ ҳангоми пешниҳоди дархост аз байн рафта, муҳлати таҳия ва мутаносибан арзиши ҳуҷҷатҳо коҳиш меёбад.
Давлат чӣ фоида мебинад?
❖ сарфаи захираҳои инсонӣ ва молиявӣ ва истифодаи онҳо дар ҳалли дигар вазифаҳои маъмурӣ;
❖ таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ байни идораҳои давлатӣ;
❖ баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии амалиёти тиҷоратӣ.
Дар ИМА, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ татбиқи низоми «Равзанаи ягона» ба он оварда расонд, ки вақти барои барасмиятдарории амалиети содиротию воридотӣ масрафшуда якчанд соатро ташкил медиҳад. Ба истиснои ҳолатҳое, ки озмоишҳои иловагии лабораторӣ талаб карда нашаванд. Аз рӯи арзёбии коршиносони хориҷӣ, татбиқи принсипи «Равзанаи ягона» то ба 20% афзоиш ёфтани Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии иқтисодиёти ин кишварҳо, мусоидат кардааст.
Кадом идора барои фаъолияти самараноки низоми «Равзанаи ягона» дар ҷумҳурӣ масъул аст ва кадом мақомот ба он шомил хоҳанд шуд?
Шарти ҳатмии татбиқи низоми «Равзанаи ягона» ташкили маркази дастгирии техникӣ ва истифодабарии технологиии он мебошад. Ба ҳайси чунин хадамот Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук муайян гаштааст. Раванди ҷорӣ кардани низоми иттилоотӣ-коммуникатсионии «Равзанаи ягона» аз ҷониби ин ташкилот дар ҳамкории зич бо мақомоти дахлдори давлатӣ сурат мегирад. Мақомоти асосии зерин ба низом шомил мешаванд:
1) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4) Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5) Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои танзимкунандаи ғайритарифии савдои беруна.
Пас аз ҷорӣ намудани низом, КВД «Маркази Равзанаи ягона» фаъолияти босамари ташкилию техникии низоми иттилоотию коммуникатсиониро таъмин хоҳад кард.
Барои хизматрасонӣ ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба низоми «Равзанаи ягона» тавассути интернет дастрасӣ надоранд ва ё малакаи истифодабарии онро надоранд, дар минтақаҳои кишвар бахшҳои КВД «Маркази Равзанаи ягона» таъсис дода шуданд.
Барои ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» кадом тадбирҳо андешида шудаанд?
Ташкили низоми «Равзанаи ягона» раванди мураккаб мебошад, ки танҳо бо татбиқи низоми иттилоотӣ-коммуникатсиони электронӣ маҳдуд намешавад.
Аз ин лиҳоз, бо дастгирии молиявии Комиссияи Аврупо (марҳилаи якум) ва Бонки Осиёии Рушд (марҳилаи дуюм) як қатор чорабиниҳо оид ба харид ва насби таъминоти барномавӣ, телекоммуникатсионӣ барои КВД «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, ба тайёр кардани иқтидори кадрии КВД «Маркази Равзанаи ягона», ки қодир аст дар оянда технологияҳои нави иттилоотиро истифода ва такмил диҳад, аҳамияти калон дода шудааст.
Айни замон, барои 5 идораи ваколатдори болозикр шакли ниҳоии низом омода шудааст, ки дар асоси онҳо модулҳо барои мақомоти боқимондаи шомилшаванда таҳия мегарданд.
Раванди татбиқи низом дар баробари навсозии инфрасохторӣ, тағйири меъёрҳои мавҷудаи ҳуқуқиро низ тақозо мекунад.
Асоси ин ҷараенро бартарафсозии монеаҳои ҳуқуқӣ, ки дар татбиқи ҳуҷҷатгузории электронӣ мавҷуданд, ташкил медиҳад.
Бинобар ин, бо ташаббуси КВД «Маркази Равзанаи ягона» ва дастгирии Хадамоти гумрук ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод карда шудаанд, ки чунин мафҳумҳои навро дар соҳаи ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунанд:
– низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – маҷмӯи воситаҳои барномавӣ, усул ва расмиёти қабули дархости электронӣ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, тафтиши пуррагии ҳуҷҷатҳои электронӣ ва барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
– шакли электронии иҷозат – иҷозат дар шакли ҳуҷҷати электронӣ, ки тавассути низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дастрас гардида, ба иҷозат дар ҳомили коғазӣ баробар мебошад;
– барасмиятдарории электронии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – барасмиятдарории иҷозатҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, дар доираи ҳамгироии электронии байни мақомоти давлатӣ, ташкилоти ваколатдор ва дархосткунандагон;
– ҳамгироии байниидоравии электронӣ – мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
– дархости электронӣ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи аризадиҳанда дар шакли электронӣ аз рӯи шакли ягонаи тасдиқшуда барои пешниҳоди иҷозати иҷозатдиҳӣ, таҳия шудааст;
– махзани электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ – ҷузъи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, ки дорои маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ додашуда, инчунин дигар иттилои оморӣ ва таҳлилӣ мебошад;
– амалӣ намудани расмиёти иҷозатдиҳӣ дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
– ба мақомоти давлатӣ фиристодани дархости электронӣ оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ заруранд;
– дар доираи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ феҳристи электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пеш бурда мешавад;
– додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона» тавассути ҳамкориҳои байниидоравии электронӣ бо истифода аз низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ амалӣ карда мешавад;
– мақомоти давлатӣ бо дархости мақомоти иҷозатдиҳанда дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз гирифтани дархости дахлдор ҳуҷҷатҳо, маълумот ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии электрониро мефиристанд;
– агар мақомоти давлатӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба дархости мақомоти иҷозатдиҳанда ё дигар мақоми ваколатдор ҷавоб надиҳад, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дахлдор мувофиқашуда ё тасдиқшуда ҳисобида мешаванд;
– дар ҳолати дар муҳлати муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дархосткунанда дар доираи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пешниҳод накардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, он додашуда ҳисобида мешавад;
– додани иҷозат дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ амалӣ карда мешавад. Иҷозате, ки дар доираи ин низом дар шакли электронӣ дода шудааст, чун ҳомили коғазии он эътибори ҳуқуқӣ дорад.
Инчунин, бо назардошти он, ки дар кори низом мақомоти зиёд иштирок мекунанд, КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук бо онҳо шартномаҳо дар бораи ҳамкории иттилоотӣ бастааст, ки нақш, вазифа ва уҳдадориҳои ҳар як иштирокчии низоми «Равзанаи ягона»-ро дақиқ ва мушаххас муайян менамояд.
Бояд қайд кард, ки барои татбиқи механизми «Равзанаи ягона» иродаи сиёсӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар, инчунин ҳавасмандии вазорату идораҳое, ки ба танзими ғайритарифии савдои хориҷӣ масъуланд, мавҷуд аст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №410 низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»” аз 1 сентябри соли 2020 расман мавриди истифода қарор гирифтааст.