8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе даври пилотии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти гумрук, вазорату идораҳои марбута, соҳибкорон ва шарикони рушд муаррифӣ ва роҳандозӣ гардид.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон зимни тавзеҳи ҳадаф, вазифа ва асосҳои фаъолияти низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» иброз намуд, ки даври пилотии низоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттиллоотӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории ҷумҳурӣ махсус баён намуда буданд, роҳандозӣ гардид.
Тавре, ки маълум аст, дар аксари кишварҳо, иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҷиҳати иҷрои талаботи мақомоти давлатии танзимкунанда, хуҷҷатҳо ва маълумоти сершуморро марбут ба воридот, содирот ва транзити мол, дар ҳомилҳои қоғазӣ пешниҳод менамоянд.
Чунин тартиби мураккаб, дар баробари хароҷоти молиявӣ ва сарфи вақт, монеаи ҷиддие барои бахшҳои давлатию хусусӣ баҳри рушди тиҷорати байналмилалӣ, арзёбӣ мегардад.
Каримзода Хуршед Абдураҳмон афзуд, ки «Ҳукумата Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати «Дарҳои кушода»-и худ ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдо, беҳсозии фазои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Яке аз тадбирҳои маъмулии ба тиҷорати байналмилалӣ мусоидаткунанда, ин ташаккули механизми «Равзанаи ягона» мебошад, ки тавассути он иттилло ва хуҷҷатҳои тиҷоратӣ барои иҷрои расмиёта давлатӣ марбут ба воридот, содирот ва транзит зарур мебошанд, ба низом як маротиба тариқи шабакаи ягона ворид мешаванд.
Оид ба зарурати ҷорӣ кардани ин низом, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат 25 апрели соли 2005, инчунин дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба вусъат бахшидани раванди шомил шудани ҷумҳурӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аз 5 марти соли 2008, №99, махсус қайд шуда буд.
Дар ин замина, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №659 Консенсияи ташаккули «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ гардиданд.
Бо мақсади ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти босамари низом, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри 2010, №630 дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» таъсис ёфт, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Дар ин давра, аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат якҷо бо маркази мазкур ҷиҳати татбиқи амалии консепсия ва барномаи қайдгардида, корҳои судманд ба анҷом расонида шуданд.
Дар натиҷа, айни замон шакли ниҳоии низом бо маҷмӯи амалҳое, ки ҷонибҳои истифодабаранда бояд барои мубодилаи иттилоот, қабули дархост аз иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва пешниҳоди хуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат анҷом диҳанд, аз тарафи ширкати барномасоз таҳия ва бо панҷ сохтори асосии шомилшуда — Агентии «Тоҷикстандарт», Кумитаи бехатарии озукаворӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Нозироти давлатии иёргирӣ мувофиқа гардидааст.
Баъд аз қайд дар низом, соҳибкор метавонад аз нуқтаи гунонуни ҷаҳон дархости шаклаш ягона ва замимаҳои заруриро ҷиҳати ба даст овардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ тақозо мешаванд, ирсол карда, барнома автоматӣ вобаста ба намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба мақомоти алоқаманд равон менамояд.
Дар доираи низом ба ҳар як иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ утоқи электронӣ кушода шуда, дар бахши омори он шумора, таърих ва вақти ирсоли дархост ба мақомот, инчунин санаи гирифтани иҷозат ва сертификатҳо, дарҷ мегарданд. Илова бар ин, дар утоқи электронӣ имконияти бойгонӣ кардани маводҳои ба низом воридшуда мавҷуд буда, дар ҳолати зарурӣ соҳибкор метавонад аз онҳо дубора истифода намояд. Роҳбари мақомот ва ширкати тиҷоратӣ метавонад ваколати ворид ба низомро ба корманди худ дода, амалҳои ӯро дар реҷаи мустақим назорат кунад.
Баҳри вусъат бахшидани пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, дар низом таъсиси ҳамёни электронӣ пешбинӣ шудааст. Тавассути ҳамёни хеш соҳибкор метавонад ҳаққи хизматрасонии «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук ва мақомоти шомилшударо пардохт намояд. Пурра кардани тавозун дар ҳамёни ширкати тиҷоратӣ, тавассути посттерминалҳои пардохтӣ низ имконпазир хоҳад гашт.
Аз рӯи консепсияи ташаккули низом, тамоми амалҳои мақомоти ваколатдор, бо назардошти ташхисгоҳҳои молу маҳсулот бояд тариқи электронӣ корбарӣ шаванд. Яъне, ҳисоби ҳаққи хизматрасонии мақомот барои баррасии дархост ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат бидуни дахолати инсонӣ, тариқи низом ба роҳ монда мешавад.
Пас аз ҷорӣ шудани низом, тартиби омодасозии ҳисобот низ содда гардида, барнома бо як амал омори дархостҳои воридшуда ва ҳуҷҷатҳои содиргашта, ҳаҷм ва намуди мол, мамлакате, ки ба он маҳсулот содирот ва аз он мол воридот мешавад, ҳисоб мекунад.
Дар ин раванд, барои таъмини кори устувори низом, эҳтиёҷоти вазорату идораҳои болозикр ба лавозимоти техникӣ муайян гардида, дар доираи Лоиҳаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ, харидорӣ ва дар ҳамаи нуқтаҳои корӣ насб шуаааст.
Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои фаъолияти босамари низом, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намуданн тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» таҳия гардида, дар баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои нав оиди низоми иттилоотӣ, дархост, қабул, эътироф, коркард, мубодила ва пешниҳоди электронии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат аз тарафи мақомоти дахлдор ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавассути низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, инчунин ҳамгироии байниидоравии электронӣ ба воситаи низом илова гардидаанд.
Қадамҳои минбаъда дар ташаккули низом тибқи талаботи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин мебошанд:
— бо ҷалби ҳамаи мақомоти шомилшаванда то охири соли 2020 гузаронидани марҳилаҳои пилотӣ (истифодаи низом дар кори ҳамарӯза дар баробари ҳомилҳои қоғазӣ);
— ҳангоми гузаронидани давраи болозикр, бо омӯзиш фаро гирифтани ҳамаи кормандони бахшҳои иҷозат ва сертификатдиҳии мақомоти шомилшаванда, инчунин мутахассисони ширкатҳои иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва брокерӣ.
Аз рӯи нақша, аввали соли 2020 пас аз итмоми давраи пилотӣ ва қабули тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», низоми Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии ҳамаи мақомоти танзимкунандаи ғайритарифии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, мавриди истифода қарор мегирад.
Дар натиҷа, муомилоти ҳуҷҷатҳои қоғазӣ дар ин самт марҳила ба марҳила аз байн рафта, дархост ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификат, инчунин мубодилаи иттилоот байни сохторҳои ваколатдор, дар доираи низом тариқи электронӣ ба роҳ монда мешавад».
Дар оғози давраи пилотии чорисозии «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода, соҳибкорон ва намояндагони ширкати барномасози «АйЮНетворкс»-и Арманистон доир ба бартариятҳои низоми мазкур ибрози назар намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди Ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ қадамҳои муассир гузошта, тадбирҳои саривақтӣ ва мушаххас меандешад ва роҳандозии даври пилотии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ сабукиҳо фароҳам оварда ба рушди иқтисодиёти миллӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон