Хабарнома

Хабарнома

Ба маълумоти субъектҳои хоҷагидори истифодабарандаи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки тибқи талаботи моддаҳои 161 ва 162-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук ба Кумитаи андози мамлакат барои гузаштан аз низоми андози соддакардашуда (6%) ба низоми умумии андозбандӣ (18%) муроҷиат намудааст.

Бинобар ин, баъд аз гузаронидани корхонаи мо ба низоми андозбандии умумӣ ҳаққи хизматрасонии  КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук 70 сомониро ташкил хоҳад дод.

Оиди санаи тағйир ёфтани маблағи ҳаққи хизматрасонӣ иловатан хабардор хоҳем кард.

 

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук