Санаи 1-уми апрели соли 2022 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани сертификатҳои Бонки Осиёгии Рушд барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ» баргузор гардид.
Сертификатҳо ба Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гумрук муҳтарам Каримзода Х.А., муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук генерал-майори гумрук муҳтарам Турсунзода А.Ҳ., Директори КВД «Маркази Равзанаи ягона» Л. Файзуллозода ва менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳа П. Зарифзода супорида шуданд.
Лоиҳаи мазкур бо дастёбӣ ба тамоми ҳадафҳои дар пеш гузошташуда бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати Ҳукумати кишвар дар сатҳи баланди касбӣ амалӣ гардида, яке аз натиҷаҳои назарраси он ҷорисозии низоми “Равзанаи ягона” ба ҳисоб меравад.