14 сентябри соли ҷорӣ дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе, Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ роҳбарияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук бо рунамо баромад карда, оиди фаъолияти низом ва таъсири кори он дар беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва содагардонии тиҷорати беруна, баромад карданд.
Чорабинии мазкур ҷиҳати боз ҳам густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иҷтисодӣ, аз ҷумла дар самтҳои савдои рақамӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир саҳми арзанда хоҳад гузошт.