Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки бо мақсади боз ҳам содда кардани раванди корбарӣ бо низом, аз 1-уми декабри соли ҷорӣ пурра кардани ҳамёни электронӣ тариқи QR-рамз низ ба роҳ монда шуд.
Минбаъд, Шумо метавонед ба замимаи мобилии “Alif-Mobi”-и “Алиф-Бонк” ворид шуда, тавассути функсияи “QR-сканер”-и он QR-рамзи дар поён дарҷгардидаро скан намоед. Пас аз пайдо шудани номи марказ, дар майдончаи “РМА” рақами мушаххаси андозсупорандаи шахси ҳуқуқӣ ё воқеии дар низом бақайдгирифташударо ворид кунед. Баъд аз он, маблағи заруриро дар майдончаи дахлдор илова намуда, тугмаҳои “Идома” ва “Пардохт”-ро зер кунед.
Дар сурати пайдоиши саволҳо ба масъулини марказ бо телефонҳои доимамалкунандаи (24/7) 778885000 ва 778885005 муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук