Татбиқи амалии банди 1-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №410 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”»

Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” бори дигар расонида мешавад, ки дар асоси талаботи банди 1-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №410, аз 1 сентябри соли 2020 инҷониб ҳуҷҷатгузории 11 мақомоти ба низом шомилшуда дар самти танзими тиҷорати беруна, аз ҳомили қоғазӣ пурра ба электронӣ гузаронида шудааст.

Бинобар ин, ҳангоми муроҷиат ба воҳидҳои дахлдори ин мақомот ҳуҷҷатҳоро дар шакли қоғазӣ пешниҳод накарда, танҳо дар ҳомили электронӣ тавассути низоми “Равзанаи ягона” манзур созед.

Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳоро низ аз ин сохторҳои ваколатдор танҳо дар ҳомили электронӣ, ки дорои QR-рамзи муҳофизатӣ мебошанд, талаб намоед. Зеро, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳои аз тарафи низоми “Равзанаи ягона” ташаккулёбанда эътибори ҳуқуқӣ дошта, дар қаламрави кишвар эътироф мешаванд (намуна замима мегардад).

Дар сурати пайдо шудани саволҳо ба масъулини марказ бо телефонҳои (24/7) доимамалкунандаи 778885000 ва 778885005 муроҷиат намоед.

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук