Рӯзи 26 декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсӣ намоиши мустақими телевизионии ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро,ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардид, тамошо намуданд.
Кормандон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, вазифа ва уҳдадориҳои хизматиро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ минбаъд низ иҷро хоҳанд кард.