Рӯзи 12 феврали 2020 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии хадамоти гумрук бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар рафти нишаст намояндагони расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба фаъолияти ҳамаҷонибаи Хадамот ҷавобҳои пурра гирифтанд.