Санаи 04.07.2020с аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо қонун “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба имзо расонида шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” бо мақсади осону содда гардондани барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд.
Аз ҷумла, дар он чунин мафҳумҳои нав пешбинӣ шудаанд:
- низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи воситаҳои барномавӣ, усул ва расмиёти қабули дархости электронӣ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, тафтиши пуррагии ҳуҷҷатҳои электронӣ ва барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- шакли электронии иҷозат - иҷозат дар шакли ҳуҷҷати электронӣ, ки тавассути низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дастрас гардида, ба иҷозат дар ҳомили коғазӣ баробар мебошад;
- барасмиятдарории электронии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – барасмиятдарории иҷозатҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, дар доираи ҳамгироии электронии байни мақомоти давлатӣ, ташкилоти ваколатдор ва дархосткунандагон;
- ҳамгироии байниидоравии электронӣ - мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- дархости электронӣ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи аризадиҳанда дар шакли электронӣ аз рўи шакли ягонаи тасдиқшуда барои пешниҳоди иҷозати иҷозатдиҳӣ, таҳия шудааст;
- махзани электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ - ҷузъи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, ки дорои маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ додашуда, инчунин дигар иттилои оморӣ ва таҳлилӣ мебошад;
- амалӣ намудани расмиёти иҷозатдиҳӣ дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- ба мақомоти давлатӣ фиристодани дархости электронӣ оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ заруранд;
- дар доираи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ феҳристи электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пеш бурда мешавад;
- додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона» тавассути ҳамкориҳои байниидоравии электронӣ бо истифода аз низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ амалӣ карда мешавад;
- мақомоти давлатӣ бо дархости мақомоти иҷозатдиҳанда дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз гирифтани дархости дахлдор ҳуҷҷатҳо, маълумот ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии электрониро мефиристанд;
- агар мақомоти давлатӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба дархости мақомоти иҷозатдиҳанда ё дигар мақоми ваколатдор ҷавоб надиҳад, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дахлдор мувофиқашуда ё тасдиқшуда ҳисобида мешаванд;
- дар ҳолати дар муҳлати муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дархосткунанда дар доираи низоми иттилоотии додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пешниҳод накардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, он додашуда ҳисобида мешавад;
- додани иҷозат дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ амалӣ карда мешавад. Иҷозате, ки дар доираи ин низом дар шакли электронӣ дода шудааст, чун ҳомили коғазии он эътибори ҳуқуқӣ дорад.