Хабарнома оиди риояи талаботи қарори ҲҶТ аз 24 июли соли 2020 қарори 410

Хабарнома

Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягона” бори дигар расонида мешавад, ки дар асоси талаботи банди 1-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, 410 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”», аз 1 сентябри соли 2020 инҷониб ҳуҷҷатгузории 11 мақомоти ба низом шомилшуда дар самти барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, аз ҳомили қоғазӣ пурра ба электронӣ гузаронида шудааст.

Бинобар ин, ҳангоми қабули дархости шаклаш ягонаи Шумо тавассути низом, ягон корманди мақомоти ба низом шомилшуда барои пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ҳуқуқи талаб кардани ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ дар ҳомили қоғазиро надорад. Тамоми мукотибот ва муоширати
Шумо бо масъулини баррасии дархост аз тарафи ма
қомот мутобиқи қарори болозикр бояд тариқи электронӣ дар доираи низоми “Равзанаи ягона” анҷом дода шавад.

Дар сурати дучор шудан ба ҳолати тақозои ҳуҷҷатҳо дар ҳомили қоғазӣ, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки оҷилан ба КВД “Маркази Равзанаи
ягона”-и Хадамоти гумрук муро
ҷиат кунед ва роҳбарияти мақомоти дахлдор аз амалҳои ғайриқонунии кормандони худ хабардор хоҳанд шуд.

 

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук

Block title

Подробнее