Иштирок дар давраи бозомӯзии мутахассисони мақомоти гумрук дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумрук
Санаи 8 — 9 июли соли равон бо даъвати Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарсҳои бозомузӣ дар мавзӯи “Мақсад ва вазифаҳои низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”” ширкат варзиданд. Дар рафти чорабинӣ, мутахассисони мақомот аз гушаҳои гуногуни кишвар бо принсипи кор ва имкониятҳои низоми “Равзанаи ягона” ба пуррагӣ шинос шуданд.
Минбаъд низ мавзӯи низоми “Равзанаи ягона” яке аз қисматҳои асосии дарсҳои бозомӯзии донишкадаи болозикр ба ҳисоб рафта, мутахассисони корхона ҷиҳати пайдо кардани маълумоти дақиқ оиди тарзи истифодаи низом ва аҳамияти он дар рушди тиҷорати беруна, аз тарафи мутахассисони ширкатҳои брокерӣ ва мақомоти гумрук, тадбирҳои доимӣ меандешанд.
Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук