Санаи 20 апрели 2022с. дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе барои 35 нафар корманди масъули барасмиятдарор дарси омузишӣ дар мавзуи “Тартиби дурусти истифодабарии низоми “Равзанаи ягона ва мақсадҳои он”” гузаронида шуд. Ба кормандони мақомот тартиби корбари бо маълумоти аз низоми “Равзанаи ягона” пешниҳодшаванда ба пуррагӣ омузонида шуд.
Дар фарҷоми дарс таъкид гардид, ки ҷамъоварӣ намудани ҳуҷҷатҳо дар шакли қоғазӣ бояд комилан аз байн бардошта шаванд, зеро чунин амал хилофи консепсияи низоми “Равзанаи ягона”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.07.2020 №410 ва фармоиши Сардори Хадамоти гумрук аз 17.09.2022 №112-ф мебошад.
Минбаъд низ корҳо дар ин самт ҷоннок хоҳанд шуд.