Бо даъвати Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 майи соли 2022 масъулини КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук дар ҳамоиши илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “ Саҳми сармоягузорон дар рушди саноат: баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” иштирок карда, оид ба саҳми низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” дар соддагардонии расмиёти савдо, бо маъруза баромад карданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ ҷорисозии низоми “Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрукро барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.