Дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022с., №102-ф аз 16 майи соли 2022 мутахассисони КВД “Маркази Равзанаи ягона” барои омузиши кормандони мақомоти гумрук, ширкатҳои брокерӣ ва мақомоти ба низом шомилшуда оиди тарзи самараноки истифодаи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” ба ҳамаи минтақаҳои кишвар сафарбар гардиданд.
Бо ин мақсад, аз ҳисоби масъулини КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук ду гуруҳ таъсис ёфта, қисмати якум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва бахши дуюм дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҳар як мутахассисро ҷиҳати истифодаи пурраи тамоми функсияҳои низом дар макони корӣ омузонида истодаанд.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида давраи омузишӣ таърихи 2 июли соли равон анҷом меёбад.