Ба маълумоти роҳбарони ва масъулини мақомоти ба низом шомилшуда мерасонем, ки дар асоси банди 2-и протоколи ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо №13 аз 29.12.2021с. ва дар ин замина супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.01.2022с., №1063(22.6), тамоми муҳлатҳои қолабии баррасии дархости субъектҳои истифодабарандаи низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ» расман ҷамъоварӣ шуда, ба низом ворид гардиданд ва аз 8 июни соли 2022 дар он фаъол карда шуданд.
Тибқи талаботи банди 8-и моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», ҳангоми дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор ба дархосткунанда пешниҳод нагардидани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, низом онро додашуда меҳисобад ва дархосткунандаро оиди ин ҳолат хабардор менамояд.
Бо эҳтиром,
Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”