Муҳлатҳои қолабии мақомоти ба низом шомилшуда вобаста ба баррасии дархостҳои субъектҳои истифодабаранда

Ба маълумоти ширкатҳои брокерӣ ва субъектҳои хоҷагидори истифодабарандаи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки дар асоси банди 2-и протоколи ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо №13 аз 29.12.2021с. ва дар ин замина супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.01.2022с., №1063(22.6), тамоми муҳлатҳои қолабии мақомоти ба низом шомилшуда вобаста ба баррасии дархостҳои субъектҳои истифодабарандаи низоми «Равзанаи ягона» расман ҷамъоварӣ шуда, ба низом ворид гардиданд ва аз 8 июни соли 2022 дар он фаъол карда шуданд.

Тибқи талаботи банди 8-и моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», ҳангоми дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор ба дархосткунанда пешниҳод нагардидани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, низом онро додашуда меҳисобад. Дар ин ҳолат, низоми “Равзанаи ягона” дархосткунандаро оиди ин тағйирот хабардор менамояд.

Аз ин лиҳоз, аз Шумо бори дигар хоҳиш менамоем, ки ба қисмати “Маълумоти истифодабаранда”-и утоқи электронии худ дар низом ворид шуда, хизматрасонии ройгони огоҳиномаи паёмакии (СМС уведомления) худро фаъол намоед.

Зеро, дар сурати аз тарафи корманди мақомот пайдо гаштани савол, муайян шудани камбудӣ ё зарурати пардохти маблағҳои давлатӣ пеш аз пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳи ва сертификат, Шумо аз дархости мақомот ба унвони худ бехабар монда, муҳлати баррасии муроҷиати Шумо кашола меёбад.

 

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”