Масъулини КВД “Маркази Равзанаи ягона”- и Хадамоти гумрук аз 21 то 23 сентябри соли 2022 дар семинари миллии БОМКА 10 оид ба такмили равандҳои гумрукӣ ва хизматрасониҳои электронӣ вобаста ба пешниҳоди электронии ҳуҷҷатҳои гумрукӣ барои коркард ва рушди равзанаи ягона, иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ намояндагони корхона оид ба раванди ташаккул, ҷоризозӣ ва фаъолияти кунунии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” баромад карданд.
Коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳа ба тадбирҳои андешидаи Хадамоти гумрук дар самти соддагардонии расмиёти савдо ва мусоидат ба рушди тиҷорати беруна баҳои баланд дода, таҷрибаи моро дар ин ҷода барои дигар кишварҳои минтақа ибратомуз арзёбӣ намуданд.