Қабули сертификати тавлиди мол тибқи низоми «REX»

Ба маълумоти субъектҳои хоҷагидори истифодабарандаи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки тибқи мактуби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамлакати Туркия дар оянда сертификати тавлиди моли кишвари воридкунандаро тибқи низоми “REX” (Registered Exporter System) қабул менамояд.

Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки барои бемамоният ворид кардани моли худ ба Ҷумҳурии Туркия, ба Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ширкати худро тариқи ройгон дар низоми “REX” ба қайд гиред.

 

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук