Аз санаи 3 то 4 октябри соли ҷорӣ бо дастури Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гумрук Каримзода Х.А.
чор мутахассиси КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук ҷиҳати доир кардани дарсҳои амалӣ-назариявӣ ва мусоидат дар бартарафсозии мушкилоти техникии дастгоҳҳои компютерии муассисаҳои таълимӣ, ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сафар намуданд.
Дар доираи сафар дар бинои мактаби рақами 1-и ноҳия барои 23 устоди фанни информатика ва беш аз 100 хонандаи синфҳои 9 ва 11-и мактабҳои мухталифи ноҳия ҳамоиш дар мавзӯъи “Нақши технологияи иттилоотӣ ва аҳамияти он дар замони муосир” баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки Хадамоти гумрук дар пешбурди фаъолияти касбӣ аз 2 низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ истифода мебарад, Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ва низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”.
Дар системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ҳуҷҷатҳои декларатсияи бори гумрукӣ ба шакли электронӣ гардонида шудааст, ки иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз соли 2010 то инҷониб маълумоти худро марбут ба декларасияи бори гумрукӣ дар шакли электронӣ ворид менамоянд.
Низоми “Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 410 аз 01.09.2020 сол мавриди амал қарор дода шуда, ба он 11 мақомот шомил гардидааст ва то 24 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатро дар шакли электронӣ ба соҳибкорон пешниҳод мекунад. Шуруъ аз якуми сентябри соли 2020, иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба Хадамоти гумрук ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳои худро, ки ба онҳо аз тарафи мақомоти шомилшуда манзур мегарданд, танҳо дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд.
Инчунин, бо истифода аз фурсати мусоид 208 дастгоҳи компютерии 9 мактабҳои ноҳия ташхис гардида, дар12 адади он барномаҳои “Windows” ва “Microsoft Office” насб шуда, дар беш аз 160 адади он барномаҳои “Windows, Exel, Word, PowerPoint” фаъол гардиданд.
Минбаъд низ чунин иқдомҳо барои расонидани кумаки техникӣ ба муасиссаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик, ки Хадамоти гумрук аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули пешбурди корҳои ободонӣ ва созандагии он мебошад, идома хоҳанд ёфт.