Аз истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” хоҳиш менамоем, ки бо мақсади бартараф кардани камбудиҳо ва такмили кори низом, таклиф ва арзу шикоятҳои хешро оиди фаъолияти он, инчунин сатҳу сифати баррасии дархостҳои Шумо дар 11 мақомоти шомилшуда, тариқи ошкоро ба унвони мо пешниҳод намоед.
- Ҳангоми баррасии дархостҳои электронии Шумо аз тарафи мутахассисони кадом мақомоти шомилшуда кашолакорӣ ё эҷоди монеагиҳои сунъӣ ба назар мерасанд?
- Аз Шумо хилофи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №410 “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ»” кадом мақомот ҳуҷҷатҳоро дар ҳомили коғазӣ талаб мекунанд ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳию сертификатҳоро низ дар ин шакл пешниҳод менамояд?
- Барои беҳсозии сатҳ ва сифати ҳамгироӣ бо 11 мақомоти ба низом шомилшуда чӣ пешниҳодҳо доред?
- Кадом паҳлӯҳои низоми “Равзанаи ягона” ба такмил ниёз доранд?
Камбудӣ ва норасогиҳои ҷойдошта, ки дар асоси пурсишномаи мазкур, ба унвони ширкати барномасози “АйЮНетворкс” ва роҳбарияти мақомоти ба низом шомилшуда, манзур мегарданд. Ҷавобҳои хешро ба нишони электронии info@swcustoms.tj ирсол намоед.
Бо эҳтиром,
Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук