Санаи 28.11.2022с. дар бинои КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук чорабинӣ дар мавзӯи таҷрибаҳои беҳтарин дар самти ҷорисозӣ ва идоракунии низоми “Равзанаи ягона”, бо иштироки намояндагони маркази тиҷоратии байналмилалӣ (ITC), Хадамоти гумрук ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.
Дар чорабини оиди тарзи ҷорисозӣ, ҳадафҳои он, натиҷаҳои бадастоварда, доираи функсионалӣ, идоракунӣ ва тартиби маблағгузорӣ, монеаҳои ҳуқуқӣ ва реинженеринги бизнес — равандҳои мақомоти ба низоми “Равзанаи ягона” шомилшуда дар Кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Покистон рунамоҳо пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар ин ҷода нодир ва ибратомуз маҳсуб меёбад.