- Бақайдгирии ройгон дар низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ.
- Омузиши ройгон оиди тарзи кор бо низом.
- Ташаккули дархости шаклаш ягона (ДШЯ)
- Ирсол намудани дархости электронӣ ба мақомоти ба низом шомилшуда. Низом вобаста аз намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба яке аз 11 мақомоти шомилшуда ирсол менамояд. Дар доираи низом иштирокчии фаолияти иқтисодии хориҷи (ИФИХ) дар доираи як дархости шаклаш ягона, метавонад то 24 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳоро аз 11 мақомоти шомилшуда тариқи электронӣ дастрас намояд.
- Мақомоти дахлдор баъд аз қабули дархости электронӣ, онро тибқи тартиби муқараргардида барраси карда, тавассути низом субъекти хоҷагидорро оид ба пешниходи чошна (дар холати зарури), пардохти уҳдадории давлатӣ, пешниҳоди ҳуҷҷати иловагӣ, раъд ё қонеъ гаштани дархост хабардор менамояд. ИФИХ оид ба ҳар як амали макомот бо ДШЯ дар доираи низом ба телефони мобилӣ ва почтаи электронии расмии худ паёмак мегирад. Дар сурати қонеъ гардидани дархост аз тарафи мақомоти дахлдор, қисмати “ҳолат”-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификати электронӣ ранги сабзро мегирад.
- Мутахассиси барасмиятдарори гумрукӣ (корманди ширкати брокерӣ) рақами ДШЯ-и аз тарафи соҳибкор манзургардидаро дастрас намуда, онро дар майдончаи дахлдори декларатсияи бори гумрукӣ дарҷ карда, барои анҷоми расмиёти гумрукӣ ба нозири гумрукӣ тариқи системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук ирсол менамояд (Низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» бо низоми СИАЯ ҳамгирои шудааст).
- Нозири барасмиятдарори гумрукӣ ҳангоми санҷиши декларатсия, истинодро боз карда, маълумоти дар декларатсия овардашуда ва маълумоти ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификати электрониро муқоиса мекунад. Дар ҳолати мавҷуд набудани мухолифат ва норасоиҳо, пас аз санҷиши пурраи декларатсияи бори гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукиро анҷом медиҳад.