Се ҳуҷҷати иҷозатдиҳии Хадамоти гумрук ба ҳомили электронӣ гузаронида шуд

         Бо ташаббус ва дастгирии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти гумрук муҳтарам Каримзода Х. А., аз моҳи январи соли 2023 дар низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ», се ҳуҷҷати иҷозатдиҳии Хадамоти гумрук, аз ҷумлаи:
——-“Рухсатнома барои коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ”,
——-“Рухсатнома барои коркарди мол барои муомилоти озод” ва
——-“Рухсатнома барои коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ”
аз ҳомили қоғазӣ пурра ба шакли электронӣ гузаронида шудаанд.
——-Иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ минбаъд метавонанд дар доираи “Дархости шаклаш ягона” ҷиҳати дастрас намудани ҳуҷҷатҳои мазкур ба мақомоти гумрук электронӣ муроҷиат намоянд.
——-Фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 04-Ф 16.01.2023с замима мегардад.

https://www.swcustoms.tj/wp-content/uploads/1.pdf