Низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” бо низоми электронии ҶСП ТАҚХ «Шукр Молия» ҳамгироӣ шуд

Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки аз 12 июли соли 2023 инҷониб низом бо низоми электронии ҶСП ТАҚХ «Шукр Молия» ҳамгироӣ карда шуд.

Минбаъд, Шумо ҳамчун истифодабарандагони низом имкон доред дар баробари замимаи мобилии “Алиф-бонк”, 5000 постерминалҳои гуруҳи ширкатҳои “Пайванд”, замимаи мобилии “Фаврӣ” ва 200 адад постерминалҳои ҶСК “Коммерсбонк” инчунин, тавассути 2950 адад постерминалҳои пардохтии “Пардохт-ТҶ”-и ширкати “Шукр Молия” низ ҳамёни электронии худро дар ҳама гушаву канори кишвар пурра намоед.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба телефонҳои доимамалкунандаи 778885000 ва 778885005 муроҷиат намоед.

 

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук