26 июли соли 2023 дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе маросими оғози расмии давраи пилотии ҷорисозии “Низоми гумрукии АСИКУДА”-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Хадамоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Низом барои суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ тавассути автоматикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ нигаронида шуда, ҷиҳати кам кардани хароҷоти маъмурии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва мақомоти давлатӣ боис мегардад.
Дигар иқдоми муҳиме, ки дар доираи Марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” амалӣ карда мешавад, ин таҳияи “Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ” мебошад.
Дастрасӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии тоҷирон, шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва татбиқи якхелаи қонунгузории гумрук муҳим арзёбӣ гардида, ба ҳадафҳои Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дастрасии озод ба иттилоот, созгор мебошад.
Бо ин мақсад, бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби ширкати ватании барномасоз системаи электронии ягона ва мутамарказ, ки дар он ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи гумрук ҷойгир карда мешаванд, таҳия ва марҳилаи озмоишии он роҳандозӣ карда шуд.