Санаи 23.11.2023.c мутахассисони марказ дар дарси навбатии Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур 17 нафар мутахассисони ширкатҳои брокерӣ иштирок намуда, ба онҳо тарзи дурусти истифодабарӣ, принсипи кор ва имкониятҳои низоми “Равзанаи ягона” ба пуррагӣ фаҳмонида шуд.
Дар рафти саволу ҷавобҳо аз ҷониб кормандони ширкатҳои брокерӣ оиди аз тарафи Агентии “Тоҷикстандарт” хилофи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №410 талаб кардани ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ дар шакли қоғазӣ шикоят карда шуд. Вобаста ба ин ҳолат ба роҳбарияти Хадамоти гумрук ахборот дода мешавад.