Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки намояндагони ширкати ҶДММ “АБМ ТРАНС СЕРВИС” ва ҶДММ “Тоҷик интиқол” ба унвони мо оиди интиқол наёфтани маблағ ба ҳамёни электронии онҳо дар низом тавассути замимаи мобилии “Амонат мобайл” муроҷиат карданд.
Аз сабаби он, ки айни ҳол низоми пардохтии КВД “Амонатбонк” бо корхонаи мо ҳамгироӣ нашудааст, пурра кардани ҳамёни электронии Шумо дар низоми “Равзанаи ягона” имконнопазир мебошад.
Аз ҳамаи Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ғайр аз замимаҳои низомҳои пардохтии бо низоми “Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук ҳамгироишуда, аз қабили “Алиф-Моби”, “Эсхата онлайн”, “Фаври”-и Коммерсбонк, дигар ягон замимаи мобили низомҳои амалкунандаи интиқоли маблағи дигарро барои пурра кардани ҳамёни электронии худ дар низоми “Равзанаи ягона” истифода набаред.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба рақамҳои доимамалкунандаи 778885000 ва 778885005 тамос гиред.
Бо эҳтиром,
Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук