Аз истифодабарандагон хоҳиш менамоем, ки таклиф ва арзу шикоятҳои хешро оид ба фаъолияти низоми электронии “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” ба нишони электронии info@swcustoms.tj ирсол намоед.
Ҷавобҳои ошкорои Шумо ба саволҳои зерини мо, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва такмили кори низом мусоидат хоҳанд кард.
- Ҳангоми баррасии аризаҳои электронии Шумо аз тарафи мутахассисони кадом мақомоти шомилшуда кашолакорӣ ё эҷоди монеагиҳои сунъӣ ба назар мерасанд?
- Кадом мақомот аз Шумо хилофи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №410 аз 24.07.2020с. “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ»” ҳуҷҷатҳоро дар ҳомили коғазӣ талаб мекунанд ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳию сертификатҳоро низ дар ин шакл пешниҳод менамояд?
- Барои беҳсозии сатҳ ва сифати ҳамгироӣ бо 11 мақомоти ба низом шомилшуда чӣ таклифҳо доред?
- Кадом паҳлӯҳои низоми “Равзанаи ягона” ба такмил ниёз доранд?
Аз натиҷаи пурсишномаи мазкур, ба унвони роҳбарияти мақомоти ба низом шомилшуда, маълумотнома манзур мегардад.
Бо эҳтиром,
Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук