Санаи 18.07.2024.c мутахассисони марказ дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дарсҳои назариявию амалӣ оиди моҳият ва вазифаи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”, тартиби пешниҳод ва коркарди маълумотҳо тавассути он, ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинӣ мутахассисони барасмиятдарори гумрукӣ аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст иштирок карда, ба онҳо тартиби дурусти корбарӣ, роҳ надодан ба хатогиҳо, дарҷи рақами аризаи шаклаш ягона дар майдончаи “Рақами ҳуҷҷат”-и СИАЯ ва қайд кардани рақами дархости алоқаманд дар 44-ум сутуни декларатсияи бори гумрукӣ, ба пуррагӣ фаҳмонида шуд.
Иштирокчиёни дарс ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра гирифтанд.