Бо дастгирии бевоситаи Сардори Хадамоти гумрук, муҳтарам Каримзода Х.А., Фармоиши якҷояи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.05.2024с., №ф58 ва №53ф/а “Дар бораи тасдиқи Тартиби ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда” дар таҳрири нав тасдиқ гардидааст. Тартиби мазкур 06.07.2024с., таҳти №1284 дар Вазорати адлияи кишвар ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Ин ҳуҷҷат санадҳои дохилиидоравиро ба талаботи банди 1-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №410 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқ менамояд.
Хоҳишмандем тамоми мукотибот ва муошират бо кормандони масъули Агентии “Тоҷикстандарт” вобаста ба пешниҳоди сертификати мутобиқат дар самти тиҷорати беруна, танҳо электронӣ тариқи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шавад.
Замима дар 7 саҳифа.
https://www.swcustoms.tj/wp-content/uploads/Фармоиш-рус_compressed.pdf