Ҷорӣ гаштани “QR-рамз” ҷиҳати пурра кардани ҳамёни электронӣ дар низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”

Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки бо мақсади боз ҳам содда кардани раванди корбарӣ аз 1- уми декабри соли ҷорӣ пурра кардани ҳамёни электронӣ дар низоми “Равзанаи ягона” тариқи QR-рамз ба роҳ монда шуд.

Вобаста ба ин, ба замимаи мобилии “Alif-Mobi” ворид шуда,  QR-рамзро пахш намоед. Пас аз пайдо шудани майдончаи “РМА” Рақами мушаххаси андозсупорандаи шахси ҳуқуқӣ ё воқеиро ворид кунед. Баъд аз он маблағи заруриро дар майдончаи “Пардохт” илова намуда, тугмаи “Пардохт”-ро зер кунед.

Дар сурати пайдоиши саволҳо ба масъулини марказ бо телефонҳои доимамалкунандаи 778885000 ва 778885005 муроҷиат намоед.

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук