Санаи 16.04.2025 cол мутахассисони “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук, дар дарсҳои назариявию амалӣ оиди моҳият ва тарзи дурусти истифодабарии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”-и Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинӣ мутахассисони барасмиятдарори гумрукӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок карда, ба онҳо тартиби дурусти корбарӣ, ирсоли аризаи шаклаш ягонаи алоқаманд ба мақомоти ба низом шомилшуда, роҳ надодан ба хатогиҳо, дарҷи дурусти рақами аризаи шаклаш ягона дар майдончаи “Рақами ҳуҷҷат”-и низоми “СИАЯ” ва қайд кардани рақами аризаи алоқаманд дар сутуни 44-уми декларатсияи бори гумрукӣ, ба пуррагӣ фаҳмонида шуд.
Иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра гирифта, ҳавасмандии хешро ҷиҳати кор бо низоми электронӣ, иброз намуданд.