Консепсияи ташаккули “Равзанаи ягона” оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “31” декабри соли 2008 № 659

тасдиқ шудааст

 

 

Консепсияи ташаккули “Равзанаи ягона” оид

ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Консепсияи ташаккули  “Равзанаи  ягона” оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон (минбаъд  -Консепсия) мутобиқи  банди  22  Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришҳое,  ки аз Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба Маҷлиси   Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 апрели соли 2005 бармеоянд, инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 № 99 “Оид  ба  фаъолгардонии раванди  дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо” таҳия гардидааст.

Дар Консепсияи      мазкур     тартиби ташаккули     системаи соддагардонидашудаӣ  анҷом  додани  расмиёти содиротию  воридотӣ   ва транзитӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муайян  карда мешавад,  ки он ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ  имкон медиҳад  иттилоот  ва ҳуҷҷатҳои   стандартиро  ба  мақомоти  ваколатдори дахлдори  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи канали ягонаи рухсатдиҳанда,  бо мақсади иҷрои ҳамаи талаботи танзимкунанда вобаста ба расмиёти воридоту содирот.  ва транзит пешниҳод намоянд,

Ноил гардидан ба ин мақсадҳо имкон медиҳад, ки дар Ҷумҳурӣ фазои кории мусоид фароҳам оварда  шуда,  сатҳи рақобатпазирии  кишвар  дар миқёси   бозори   ҷаҳонӣ  баланд  гардад  ва  ба воридшавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо такон бахшида шавад.

 

  1. Муқаддима

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни фаъолияти  иқтисодии  хориҷӣ барои анҷом додани расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ миқдори  зиёди  иттилоот  ва ҳуҷҷатҳоро  пешниҳод менамоянд,  ки  қисми  зиёди  онҳо  такрори ҳамдигаранд.  Ин иттилооту ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои мухталиф пешниҳод карда мешаванд,  ки талаботи худӣ  ва  намунаҳои ҳуҷҷатҳои қољазиро истифода менамоянд.  Дар маҶмўъ тартиботи  мавҷуда  барои  фаъолияти  иқтисодии хориҷӣ  монеа   буда, ҷавобгўи манфиатҳои муосири давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ намебошад.

Айни замон     тартиби    амалкунандаи қабули    қарорҳо    ва барасмиятдарории  амалиёти  содиротию  воридотӣ ва  транзитӣ   ниҳоят мураккаб  ва  бисёрсатҳа  буда,  мутаносибан барои таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зиёд масрафи назарраси вақт  ва хароҷоти  молиявиро  тақозо менамояд.

Ин яке аз  сабабҳои  асосии  салдои  манфии афзояндаи  муомилоти тиҷорати    хориҷӣ,    сатҳи   пасти диверсификатсияи   содирот   ва рақобатпазирии сусти кишвар дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Аз байн бурдани ин  зуҳуроти  манфӣ  яке  аз  асосҳои  муҳими таъмини  рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Яке аз  роҳҳои  раҳоӣ  аз  вазъи бамиёномада ва ҳалли проблемаҳои рушди  иқтидори  содиротӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташаккул  додани системаи   соддагардонидашуда  ва  шаффофи “Равзанаи  ягона”  оид  ба расмиёти содиротию  воридотӣ  ва  транзитӣ мебошад,  ки  мутобиқи  он иштирокчии  фаъолияти иқтисодии хориҷӣ иттилоот ва ҳуҷҷатҳоро танҳо як маротиба ва танҳо ба як  мақоми  ваколатдорнамудаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Системаи “Равзанаи ягона” дар аксари кишварҳои  мутараққии  Ҷаҳон истифода гардида,  самарабахшии худро собит намуд. Ҷорӣ намудани чунин система боиси баланд бардоштани  самарабахшӣ  ва судмандии  тадбирҳои расмии  идоракунӣ  ва  назорат,  инчунин  сарфаи вақт ва хароҷоти ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам иштирокчии фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ  хоҳад шуд.

Ҷорӣ намудани  “Равзанаи  ягона”  истифодаи амалии  муносибатҳои соддагардонидашуда   ва   системавии   байни иштирокчиёни  фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ  ва  давлатро  ҳангоми барасмиятдарории   амалиёти содиротию  воридотӣ  ва транзитӣ,  бо мақсади аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда, ки ҷавобгўи манфиатҳои муосири ҳам бизнес-Ҷомеа ва ҳам давлат намебошанд, дар назар дорад.

 

  1. Таҳлили вазъи мавҷуда

 

Айни замон  тартиби  барасмиятдарорӣ  ва анҷом  додани  амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  таҶрибаи пешқадами  ҷаҳонӣ  фарқ карда,  дорои ҷиҳати манфӣ мебошад ва навсозии Ҷиддиро тақозо менамояд.  Талаботе,  ки нисбат ба расмиёт  ва  миқдори ҳуҷҷатҳои вобаста ба анҷом додани содироту воридот ва транзит пешниҳод мегардад,  барои рушди минбаъдаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ монеаҳо пеш оварда, дар маҶмўъ ба рушди иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Ҷумҳурӣ системаи  ниҳоят  мураккаб  ва аксар  такроршавандаи барасмиятдарории   содирот,  воридот  ва  транзит Ҷоӣ  дорад.  Бастаи ҳуҷҷатҳое,  ки иштирокчиёни фаъолияти  иқтисодии хориҷӣ  ба  мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд,  дар маҶмўъ ба ҳам шабеҳ буда, вале вобаста ба талаботи махсус оид  ба  таркиби нишондиҳандаҳо  фарқ мекунанд,  ки ин хароҷоти субъектҳои фаъолияти тиҷоратии хориҷиро зиёд намуда,  ба мўҳлати  молрасонӣ  то истеъмолкунандагон  таъсири  манфӣ мерасонад ва ҳангоми воридоти молҳои таъиноти истеҳсолӣ боиси бозистии маҶбурии истеҳсолот ва гаронии арзиши он мегардад.

Омўзиши амалияи   Ҷорӣ   нишон   медиҳад,  ки ҳар  кадом  мақоми рухсатдиҳандаи давлатӣ қотеъона зарурати мавҷудияти номгўи  ҳуҷҷатҳоро исбот менамояд. ҲаҶми асосии муомилоти ҳуҷҷатҳо дар шакли кољазй сурат мегирад,  ки боиси тўл  кашидани  раванди барасмиятдарории  фаъолияти содиротию   воридотӣ   ва  транзитӣ  мегардад. Ҳамзамон  қисми  зиёди иттилооте,  ки  дар  мавриди  субъектҳои фаъолияти  иқтисодии  хориҷӣ гирифта шудаанд, минбаъд аз Ҷониби ин мақомот истифода намегарданд.

Санадҳои зерқонунӣ (дастурамал,  низомномаҳо ва  љайра),  ки  дар сатҳи  мақомоти  давлатӣ  қабул  гардидаанд,  бо дарназардошти мавқеи тангназаронаи идоравӣ  таҳия  гардида,  дар  амал бошад  аксар  шарҳу тавзеҳи  дугонаи  он  истифода  бурда  мешавад. Ба  љайр аз ин қисман мухолифат ва номутобиқатии онҳо ба меъёрҳое,  ки дар  қонунгузорӣ  ва санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд,  ба мушоҳида мерасад.  Чунин вазъ иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷиро  нисбат ба  кормандони  мақомоти  ваколатдори  давлатӣ дар ҳолати номусоид ва мутеона қарор медиҳад ва онҳо метавонанд чунин вазъро на  ба  манфиати давлат истифода баранд.

Дар кишварҳои  мутараққӣ  барои  қабули қарори  дахлдор  оид  ба расмиёти  содиротию  воридотӣ  ва  транзитӣ  вақти ниҳоят  кам тақозо гардида, бо кашолкории нисбатан ками бюрократии ин ҳуҷҷатҳо ба расмият дароварда    мешаванд.    Таҳлили    муқоисавии миқдори   ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ва масрафи вақт барои расмиёти содиротию  воридотӣ  ва транзит  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  нисбат  ба дигар  кишварҳо  нишон медиҳад,  ки барои баланд бардошти рақобатпазирии кишвар  дар  бозори ҷаҳонӣ захираҳои зиёд мавҷуданд.

Хароҷоти мантиқии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ  барои содирот аз Тоҷикистон,  ки ба таркиби он барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо низ шомил аст,  аз арзиши мол 20-25 фоизро ташкил медиҳад, ки чӣ дар Осиёи Марказӣ  ва  чӣ  дар Ҷаҳон яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад.  Дар кишварҳои рў ба инкишоф, ки аз системаи “Равзанаи ягона” истифода  мебаранд,  хароҷоти  маҶмўӣ  аз арзиши аслии мол танҳо 10-15 фоизро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон танҳо хароҷоти нақлиётӣ аз ҳаҶми содирот 14 фоиз ва аз ҳаҶми воридоти мол 10 фоизро ташкил медиҳад,  ки дар Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи бадтарин ба  ҳисоб меравад.  Ҳамзамон дар  минтақаҳои  Осиёи  Марказӣ хароҷоти вобаста ба амалиёти содиротию воридотӣ дар маҶмўъ аз ҳачми содирот ба 7-10 фоиз ва аз ҳаҶми воридоти мол ба 5-8 фоиз баробар мебошад.

Дар Ҷумҳурӣ ислоҳоти фаъолияти мақомоти ваколатдори  давлатӣ,  ки ба  раванди  барасмиятдарории  амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ҷалб шудаанд,  инчунин дигар ташкилотҳое, ки ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии  хориҷи  хизматрасонии дахлдорро анҷом медиҳанд,  бо суръати суст идома дорад. Тартиби мавҷудаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ  ва  транзитӣ  бо усули коркарди дастии маълумоти гирифташуда сурат гирифта, системаи электронии коркарди он вуҶуд надорад.

Ба љайр  аз  проблемаҳои  дар  боло зикргардида,  ки иштирокчиёни фаъолияти  иқтисодии  хориҷӣ  бо  он  рў  ба  рў мешаванд,   инчунин проблемаҳои зайл мавҷуданд:

– мавҷуд  набудани  ҳамоҳангсозии  дақиқи амал  байни   мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ба раванди барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ҷалб гардидаанд;

– шаффоф   набудани   иттилоот   дар   бораи тарифҳо  ва  арзиши хизматрасонӣ,  инчунин  дигар  иттилооте,  ки барои  барасмиятдарории амалиёти  содиротию  воридотӣ ва транзитӣ заруранд,  мушкилоти дастрас намудани онҳо;

– мушкилоти  зиёди  вобаста  ба  экспертиза, барасмиётдарорӣ  ва додани сертификат ва  шаҳодатномаҳо  аз  Ҷониби хадамоти  байторӣ  ва карантинӣ.

 

  1. Судмандии таъсиси “Равзанаи ягона”

 

“Равзанаи ягона”  ин системае мебошад,  ки ба тарафҳои иштирокчии амалиёти  тиҷоратию  нақлиётӣ  имкон  медиҳад ҳуҷҷат   ва   иттилооти стандартиро бо истифодаи канали ягонаи рухсатдиҳанда, бо мақсади иҷрои ҳамаи талаботи танзимкунандаи марбут ба воридот, содирот  ва  транзит пешниҳод намоянд.  Агар иттилоот дар шакли электронӣ бошад,  пас баъзе унсурҳои алоҳидаи маълумот  бояд  танҳо  як маротиба  пешниҳод  карда шавад.

Самараи ташаккули системаи “Равзанаи ягона” дар самтҳои  мухталиф зоҳир  мегардад.  Ҷорӣ  намудани ин система дар соҳаи барасмиятдарории амалиёти  содиротию  воридотӣ  ва  транзитӣ  бояд ба,  ҳалли   аксари проблемаҳои  мавҷудаи  рушди  фаъолияти  тиҷорати иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Фаъолияти системаи “Равзанаи ягона” раванди пешниҳоди иттилоот ва ҳуҷҷатҳои заруриро аз Ҷониби иштирокчиёни фаъолияти  иқтисодии  хориҷӣ барои  иҷрои  талаботи  мақомоти ваколатдори давлатӣ ба таври назаррас осон ва сабук мегардонад.  Он ҳамчунин имкон медиҳад  самарабахшӣ  ва судмандии  тадбирҳои  расмии  назорат  баланд бардошта шуда,  хароҷоти мақомоти давлатӣ ва иштирокчиёни  фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ  ҷиҳати ташкил ва татбиқи тиҷорати хориҷӣ камтар карда шавад.

Афзалияти системаи “Равзанаи ягона” дар он ифода мегардад, ки он:

– мубодилаи   фаврии   иттилооти  тиҷоратӣ ва  ҳуҷҷатҳоро  байни иштирокчиёни  фаъолияти  иқтисодии  хориҷӣ  ва мақомоти   ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд;

– ҳамаи мақомотро,  ки ба танзим ва назорати фаъолияти  иқтисодии хориҷӣ  ҷалб  гардидаанд,  барои  барасмиятдарории амалиёти  тиҷорати хориҷӣ бо иттилооти фаврӣ таъмин менамояд;

– дастрасии   ҳамаи   иштирокчиёни  фаъолияти иқтисодии  хориҷии манфиатдорро бо махзани пурра ва мунтазам навшавандаи меъёрии  ҳуқуқии марбут ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ таъмин менамояд;

– дар шакли маъмулӣ ва/ё  электронӣ мубодилаи  ҳуҷҷатҳоро  анҷом медиҳад;

– нигаҳдошти иттилоот ва  ҳамзамон  дастрасии онро  барои  ҳамаи иштирокчиён дар доираи салоҳият ва ҳаҶме, ки барои аз Ҷониби онҳо иҷро намудани вазифаҳои худ заруранд, таъмин менамояд;

– имкон медиҳад,  ки мониторинги фаъолияти мақомоти ваколатдор ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ  анҷом дода  шавад.  Системаи “Равзанаи  ягона” дар заминаи такмили фаъолият ва ҳамкории мутақобилан муфиди  мақомоти  ваколатдори  давлатӣ,  бо ҳамзамон  Ҷорӣ   намудани муносибатҳои оддӣ ва шаффоф бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ таъсис дода мешавад.

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида   бо   зудӣ   ба мақомоти  ваколатдори манфиатдори давлатӣ расонида мешаванд.  Дар чунин система ҳамоҳангсозӣ тақвият  ёфта,  воқифии  муштараки  мақомоти давлатӣ  оид ба фаъолият ҷиҳати танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ баланд бардошта мешавад.

Системаи “Равзанаи  ягона”  Ҷамъовари муназзами маълумотро таъмин намуда,  раванди идоракунии таваккалро барои мақсадҳои назорату иҷроия беҳбуд мебахшад ва ин имкон медиҳад дақиқӣ ва самаранокии анҷом додани расмиёти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ баланд бардошта шавад.  Ба љайр аз ин  системаи дахлдори пардохтҳо дар доираи “Равзанаи ягона” Ҷорӣ карда мешавад,  ки имкон медиҳад пардохти боҷ, андоз ва хироҷ ба давлат сари вақт таъмин карда шавад.

“Равзанаи ягона”  аз  Ҷониби  субъектҳои манфиатдор  сари   вақт пешниҳод намудани иттилооти навшаванда оид ба ставкаҳои тарифӣ,  дигар талаботи меъёрии ҳуқуқӣ ва расмиётро дар назар дорад, ки имкон медиҳад иштибоҳоти   бељаразона   камтар  гардида, дараҶаи  масъулият  баланд бардошта шавад ва  иштирокчиёни  фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ  шартҳои муқарраргардидаро риоя намоянд.

Аз ин рў фоидаи давлат аз ҷорӣ намудани принсипи “Равзанаи ягона” дар инҳо инъикос меёбад:

– тақсими нисбатан самарабахш ва судманди захираҳо;

– баланд бардоштани сатҳи Ҷамъоварии боҷу хироҷ ва андоз;

– иҷрои нисбатан қотеъонаи талабот ва қоидаҳои муқарраргардида аз Ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;

– баланд бардоштани сифати  барасмиятдарории амалиёти  содиротию воридотӣ ва транзитӣ;

– баланд  бардоштани   бовиҷдонӣ   ва масъулияти   иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ.

Афзалияти асосии  системаи  “Равзанани ягона”  барои  соҳибкорон иштирокчиёни  фаъолияти  иқтисодии  хориҷӣ  аз  он иборат аст,  ки он пешниҳоди иттилоот  ва  ҳуҷҷатҳои  заруриро  ба мақомоти  ваколатдори давлатӣ, ки ба содирот, воридот ё дигар расмиёти транзитӣ алоқманданд, танҳо   як   маротиба,   тавассути    системаи ягонаи    иттилоотию коммуникатсионӣ пешбинӣ менамояд.

Азбаски “Равзанаи ягона” ба мақомоти ваколатдори  давлатӣ  имкон медиҳад  иттилоот  ва  ҳуҷҷатҳои  пешниҳодшударо зуд ва дақиқ коркард намоянд,  инчунин   пардохтҳоро   ситонанд, иштирокчиёни   фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ  бошад  аз  сураътбахшии барасмиятдарории гумрукӣ ва минбаъд гирифтани рухсат барои борбардорӣ, борфарорӣ ва  ҳамлу  нақли моли  онҳо  фоида  ба  даст  меоранд  ва  мўҳлати боррасонӣ низ камтар мегардад.

 

  1. Мақсад ва вазифаи “Равзанаи ягона”

 

Мақсади таъсиси   системаи   “Равзанани ягона”   дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  самти барасмиятдорории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ аз инҳо иборат аст:  рушди  иқтидори содиротӣ,  воридотӣ  ва транзитӣ, баланд бардоштани Ҷолибии инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мутаносибгардонии расмиёти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ.

Барои ноил  шудан  ба  ин  мақсадҳо  дар Ҷумхурии Тоҷикистон бояд вазифаҳои зайл ҳаллу фасл карда шаванд:

  1. Таъсис ва   истифодаи   канали   ягонаи автоматиконидашудаи иттилоотию коммуникатсионӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷат ва иттилоот,  қабули қарорҳо вобаста ба онҳо аз Ҷониби мақомоти ваколатдор бо мақсади иҷрои талаботи танзимкунанда  вобаста  ба  расмиёти содиротию  воридотӣ  ва транзитӣ;
  2. Ташкили махзани  ягона,  дастрас  ва мунтазам   навшавандаи ҳуҷҷатҳои  иттилоотие,  ки  барои барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзит заруранд;
  3. Таҳияи механизмҳои  усули  самарабахш ва  соддаи  мубодилаи иттилоот байнӣ иштирокчиёни фаъолияти  иқтисодии хориҷӣ  ва  мақомоти ваколатдори давлатӣ;
  4. Суръатбахшии фароҳам овардани иттилоот ва ҳуҷҷатҳои стандарт;
  5. Тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ваколатдоре,  ки ба раванди барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ҷалб шудаанд;
  6. Мониторинг ва  арзёбии   фаъолияти иштирокчиёни   фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ  ва мақомоти ваколатдор дар раванди барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ;
  7. Ҷори намудани системаи автоматиконидашудаи ҳисоб ва ситонидани пардохтҳо.

Ҳалли ин вазифаҳо имкон медиҳад монеаҳои љайритарифӣ дар тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кам  гардида,  иҷрои расмиёти  фаъолияти иқтисодии хориҷӣ оддӣ гардонида шавад.

 

  1. Замина барои таъсис ва Ҷорӣ намудани “Равзанаи ягона”

 

Заминаи асосӣ  барои  таъсис  ва  Ҷорӣ намудани “Равзанаи ягона” мақсад ва афзалиятҳои рушди кишвар мебошад,  ки дар Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани  сатҳи  камбизоатӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои   солҳои 2007-2009 инъикос ёфтааст.  Ин ҳуҷҷатҳо мақсади асосии зайли фаъолияти иқтисодии  хориҷии  кишварро  муайян  менамоянд: тақвияти   ҳамгироии иқтисодиёти  ватанӣ  бо хоҷагии ҷаҳонӣ ва таъмини иштироки дахлдори он дар тақсимоти байналмилалии меҳнат ва тиҷоратӣ байналмилалӣ,  инчунин фароҳам  овардани  шароити  мусоид  барои  ҷалби корхонаҳои ватанӣ ба равандҳои   истеҳсолии   байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии   фаъолияти содиротӣ  ва  инвеститсионӣ,  таъмини  иштироки системавӣ  дар таҳияи қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ.

Ҳуҷҷати дастурӣ  барои таъсис ва Ҷорӣ намудани системаи “Равзанаи ягона” оид ба такмили расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ин Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 мебошад, ки дар он зарурати соддагардонии расмиёти маъмурӣ  ва  аз  байн  бурдани монеаҳо дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин имконпазирии суръатбахшии раванди ворид гардидани  Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ифода ёфтааст.

Омили муҳими дигаре,  ки барои Ҷорӣ намудани системаи  “Равзанаи ягона”  замина  мегузорад,  рушд  ва  афзоиши ҳаҶми  тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошад,  ки  зарурати вуҶуд  доштани  расмиёти соддагардонидашуда,   дастрас,   мутаносиб   ва шаффофи  маъмурӣ  ва рухсатдиҳандаи давлатиро вобаста ба содирот, воридот ва транзити молҳо тақозо менамояд.

 

  1. Модели системаи “Равзанаи ягона”

 

Айни замон  дар  Ҷаҳон муносибатҳои мухталифи имконпазири таъсиси системаи “Равзанаи ягона” мавҷуд  аст.  Яке  аз вазифаҳои  асосӣ  дар Ҷараёни  таҳияи системаи “Равзанаи ягона” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз таҳлил ва интихоби  модели  содда гардонидашудаи  барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитии қобили қабул мебошад.

Барои муайян намудани системаи “Равзанаи ягона”,  ки ба  воқеияти кишвар мувофиқ аст, бояд:

1.Механизмҳои амалкунанда  ва  расмиёти мавҷуда,   равандҳо   ва эҳтиёҷот  нисбат  ба фароҳам овардани ҳуҷҷатҳо ва иттилооти зарурӣ оид ба содирот,  воридот ва  транзит  аз  Ҷониби мақомоти  давлатӣ  барои мақсадҳои зайл омўхта шаванд:

– дақиқсозии мақомоти ваколатдори давлатӣ ва муассисаҳое, ки айни замон фаъолияти иқтисодии хориҷиро танзим менамоянд ва муайян намудани он мақомоте, ки иштироки онҳо дар системаи зикргардида мувофиқи мақсад аст;

– ошкор  намудан  ва  аз  байн  бурдани унсурҳои  аз  ҳад  зиёди маъмурикунонии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;

– муайян  намудани  имконоти  кам  кардан  ё содда   гардонидани расмиёти  мубодилаи иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳо,  аз ҷумла омўзиши имконияти Ҷорӣ намудани намунаи ягонаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва иттилоот;

– баррасии   имконияти  таҳкими  амнияти тиҷоратӣ  ҳангоми  Ҷорӣ намудани системаи “Равзанаи ягона”;

– муайян   намудани   эҳтиёҷоти истифодабарандагони   эҳтимолӣ, махсусан нисбат ба лоиҳакашии банақшагирии хизматрасониҳои имконпазир.

  1. Ташхиси омилҳои  ташкилии  Ҷорӣ  намудани системаи “Равзанаи ягона”, аз Ҷумла:

– имконияти   такмили   ваколатҳои функсионалӣ  ва  ўҳдадориҳои мақомоти мушаххаси ваколатдори давлатӣ ва муассисаҳое,  ки ба  система дохил карда мешаванд;

– масъалаҳои интихоби мақоми мушаххаси давлатӣ  ё  муассисае,  ки дар системаи “Равзанаи ягона” нақши марказиро ба Ҷомеорад;

– зарурати ба зиммаи  он  вогузор  намудани функсияҳои  барномаи фаъол  (низоми автоматиконидашудаи қабули карор) ё барномаи љайрифаъол (қабули қарор аз Ҷониби оператор);

– тартиб  ва  шакли  ба  системаи “Равзанаи ягона” ворид намудани низоми пардохт;

– зарурати  фаъолияти  мувозӣ  дар давраи ибтидории Ҷорӣ намудани “Равзанаи ягона” бо вариантҳои электронӣ ва қољазӣ;

– зарурати арзёбии хатарҳои умумӣ дар доираи система.

  1. Муайян намудани  роҳҳои  ҳалли масъалаҳои  техникии  таъсиси системаи “Равзанаи ягона” дар асоси:

– таҳлили миқдорӣ ва  сифатии  воситаҳои техникӣ,  иттилоотӣ  ва коммуникатсионие,  ки айни замон мақомоти ваколатдори давлатӣ истифода мебаранд ва барои қабул,  коркард,  интиқол  ва нигаҳдошти  иттилооти зарурӣ таъин гардидааст;

– муайян намудани талаботи умумии  техникӣ, аз  Ҷумла  эҳтиёҷоти мушаххас барои таҳияи қисмҳои иловагӣ, интерфейсҳо,  каналҳои баромад ва Ҷорӣ намудани воситаҳои алоқаи интерфейс бо шабакаи мавҷуда;

– дарёфти   имконияти   мутобиқгардонии техникаи  мавҷуда  барои коркарди ҳуҷҷатҳо ва иттилооте,  ки ҳаҶм ва воридшавии онҳо вобаста ба рушди тиҷорат афзоиш хоҳад ёфт;

– муайян намудани  усули  санҶиш  ва ҳамшабеҳгардонии  маълумоти пешниҳодшаванда.

  1. Омўзиш ва муайян намудани номгўйи ҳуҷҷат ва иттилооти зарурие, ки дар система истифода мегардад:

– басистемадарории ҳуҷҷатҳои истифодашаванда дар  раванди  анҷом додани  расмиёти  содиротию  воридотӣ  ва транзитӣ ва муайян намудани имкониятҳои соддагардонӣ ва ҳамшабеҳии онҳо;

– муайян намудани шакл ва усули пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шакли онҳо;

– муайян намудани  субъектҳое,  ки  барои пешниҳоди  иттилоот  ё ҳуҷҷат   ҳуқуқ  доранд  (содиркунандагон, воридкунандагон,  брокерҳои гумрук, миёнаравон ва љайра);

– муайян  намудани  усули  мубодилаи  ҳуҷҷат ва  иттилоот  байни мақомоти  ваколатдори  давлатӣ  ва  иштирокчиёни фаъолияти  иқтисодии хориҷӣ;

– муайян намудани маҳали нигаҳдошти ҳуҷҷати иттилоот,  қарорҳо ва љайра;

– баррасии масъалаҳои усули мубодилаи иттилоот  ва  ҳуҷҷатҳо  бо маъмурияти мақомоти ваколатдори дигар давлатҳо;

– баррасии масъалаҳо дар хусуси истифодаи иттилоот барои  таҳлили хатар, амният ва дигар мақсадҳои ба он алоқаманд;

– муайян намудани фоидаи имконпазир вобаста ба баланд  бардоштани самарабахшии  истифодаи иттилооте,  ки дар мақомоти давлатӣ ҳифз карда мешаванд.

 

  1. Чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Консепсия

 

Барои татбиқи Консепсияи мазкур зарур аст, ки:

– идораҳои иҷрокунанда ва татбиқкунанда муайян карда шаванд;

– оид ба роҳбарии лоиҳа гурўҳ таъсис дода, маркази Ҷорӣ намудани “Равзанаи  ягона”  бо  муайян намудани функсия ва ваколатҳои он созмон дода шавад;

– асосноксозии  техникию  иқтсодии Ҷорӣ намудани “Равзанаи ягона” таҳия гардад;

– нақшаи  чорабиниҳо  оид  ба  татбиқи системаи “Равзанаи ягона” таҳия карда шавад.

Татбиқи Консепсия  дар  доираи нақшаҳои тасдиқшавандаи чорабиниҳо қабули қарорҳои сурољавиро тақозо менамояд,  ки барои  амалӣ  намудани тадбирҳои зайл нигаронида шудаанд:

– такмили заминаи ҳуқуқӣ дар  соҳаи  танзими расмиёти  содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ;

– таҳия ва қабули асосҳои ҳуқуқи барои таҳия ва татбиқи “Равзанаи ягона”;

– дастгирӣ ва  рушди  воситаҳои  иттилоотию коммуникатсионӣ  дар мақомоти ваколатдори давлатӣ;

– таъсиси системаи ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ;

– таъсиси  марказҳои  таълимӣ  ҷиҳати тарбияи касбии кадрҳо барои кор дар системаи “Равзанаи ягона”;

– бо мақсади расонидани кўмакҳои техникӣ ва машваратӣ ба агентиҳо ва идораҳои давлатӣ, ки системаи “Равзанаи ягона”-ро татбиқ менамоянд, андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷалби донорҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ.

Вобаста ба таҳия ва татбиқи амалии системаи “Равзанаи ягона”  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муқаррароти алоҳидаи Консепсияи мазкур метавонад дар ҳуҷҷатҳои дахлдор мукаммал, дақиқ ва мушаххас гардонида шавад.